LIVE

Юрген Клопп оиди бохти «Ливерпул» дар Лигаи Аврупо чӣ гуфт?

Сармураббии «Ливерпул» Юрген Клопп маҳрум шудани дастааш аз идомаи рақобатҳо дар Лигаи Аврупоро шарҳ дод. Ёдрас мекунем, дар бозии ҷавобии даври чорякниҳоӣ «Ливерпул» бар «Аталанта» зафар ёфт, вале тибқи натиҷаи ду бозӣ аз тими итолиявӣ бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд ва аз мусобиқа ҳазф гардид.
Лигаи Аврупо. 1/4 ниҳоӣ. Бозии 2-юм
19-уми апрели соли 2024, ҷумъа. 00:00 ДШБ
Аталанта (Италия) 0 : 1 Ливерпул  (Англия)
0:1 Салоҳ – 7'    
«Мо дар бозӣ пирӯз шудем ва ин айнан он аксуламале буд, ки мехостем нишон диҳем. Ин мушкил буд ва медонистем, ки чунин мешавад, вале «Аталанта» арзандаи баромадан ба марҳилаи ниманиҳоӣ ба таври 100%-а аст. Эҳсосотҳо омехтаанд. Мо аз идомаи рақобатҳо ҳазф шудем, вале ман аз бозӣ розиям. Мехостем, ки ба Дублин равем, вале ин иттифоқ наафтод.
Мушкилоти аз ҳама асосӣ он буд, ки сатҳи бозии хешро дар нимаи дуюм нигоҳ дошта натавонистем. Дар нимаи аввал фишори онҳо нисбати мо зиёд буд, вале мо тавонистем чанд ҳолати хатарнокро созмон диҳем. Ба ҳар ҳол «Аталанта» арзандаи гузариш ба марҳилаи дигар аст», — мерасонад аз суханони Клопп сомонаи расмии УЕФА.
Дар марҳилаи ниманиҳоии Лигаи Аврупо «Аталанта» бо «Марсел» вомехӯрад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив