LIVE

"Арсенал" ба бозигар дар чемпионати Португалия чашм дӯхтааст

Аз рӯи мушоҳидаву таҳлилҳо барои “Арсенал” ҳам як бозигари нав пайдо кардагиянд. Ин ҳам  Родриго Саласар аст, ки дар сафи тупчиён метавонад дар хати нимҳимоя баромад кунад. Намояндаи дастаи “Брага” Родриго Саласар 24 сол дошта, арзиши трансферияш   8 млн евро мебошад. Ин мавсим 17 бозӣ дар сафи асосӣ гузаронида, соҳиби омори 3+6 аст. Бо вуҷуди ин беҳтарин нимҳимоягари марказии чемпионати Португалия аз рӯи партофтҳо барои зарбаи ба самти дарвоза мебошад.
Аслан дастаи  “Брага” зери тарҳи 4-4-2 бозӣ намуда, ин нафар чун нимҳимоягари марказӣ бо ҷуфти Моутинйо дар майдон амал мекунад. Чун нимҳимоягар аз ҷиҳати омор бозии барқарор нишон медиҳад ва дар дилхоҳ ҳолат метавонад агар ба таври кафолатнок нафари асосӣ дар “Арсенал” набошад, аз курсиҳои эҳтиётӣ баромад сахт хизмат карда метавонад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив