LIVE

Расман: Никола Лазаревич сармураббии нави дастаи «Истиқлол»

Сармураббии ҷадиди тими «Истиқлол» -и шаҳри Душанбе мутахассиси 46 солаи сербӣ - Никола Лазаревич таъйин шуд  

Роҳбарияти дастаи футболи «Истиқлол» номзадии мутахассиси серб Никола Лазаревичро ба вазифаи сармураббии даста тасдиқ кард.

Мӯҳлати шартномаи ҳамкорӣ  бо мураббӣ як солро дар бар мегирад.  Лазаревич дар ин маснад Игор Черевченкоро иваз кард, ки дастаи  шаҳри Душанберо дар мавсими гузашта тамрин медод.

Ёварони Лазаревич ҳамватанонаш - Предраг  Пешич ва  Ҷорҷи  Коралич мебошанд. Ҳамчунин Лазаревичро дар «Истиқлол»  собиқ сарвони даста  Дилшод Восиев кӯмак хоҳад кард. Корашро бо дарвозабонҳо мутахассиси рус Дмитрий Тяпушкин идома медиҳад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив