LIVE

Ҷанҷолҳо миёни "ПСЖ" ва Мбаппе идома дорад

"ПСЖ"  пеш аз оне, ки ягон ивазкунандаи арзандаи Мбапперо шомили тим кунад, аз худи Мбаппе пул интизор аст.
Роҳбарияти «Пари Сен-Жермен» интизор аст, ки ҳамлавар Килиан Мбаппе як қисмати иловапулии гузаришӣ ба«Реал»-и Мадридро батими фаронсавӣ пардохт мекунад, иттилоъ медиҳад AS.
Бино ба маълумоти манбаъ, ин маблағ метавонад аз 100 млн то 150 млн евроро ташкил диҳад. Ин барои бошгоҳи фаронсавӣ имкон медиҳад то баъди рафтани ҳамлавар ҳам дар ҳолати хуби молиявӣ боқӣ монад.
Ёдрас мекунем, ки  пештар оиди ҷузъиёти шартномаи кории Килиан Мбаппеи 25-сола бо «Реал» хабар дода шуда буд. Ин қарордоди корӣ санаи 1-уми июли соли 2024 мавриди амал қарор мегирад. Роҳбарияти дастаи «бланкос» мехоҳад раванди имзокунии шартнома бо Мбапперо ҳафтаҳои наздик анҷом диҳад, вале оиди он танҳо баъди анҷоми мавсими ҷорӣ эълон мекунанд.
Мавсими ҷорӣ Мбаппе дар 33 бозии ҳамаи мусобиқаҳо ба майдон омада, 32 голу ҳафт партофти голӣ ба омор гирифтааст.
 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив