LIVE

«ПСЖ» Мбапперо ахиран ба фурӯш гузошт

«Пари Сен-Жермен» қарор кард, ки ҳамлавар   Килиан  Мбапперо ба омодагиҳои пешазмавсимӣ ба Ҷопон набарад.  Дар бошгоҳ бар онанд бозигаре, ки мӯҳлати шартномааш моҳи июни соли 2024 поён меёбад, қарордоди махфӣ бо «Реал» дорад, иттилоъ медиҳад L’Equipe.
Оиди чунин қарор ба бозигар баъди бози рафиқона бо «Гавр» (2:0) гуфтаанд, бозие, ки рӯзи ҷумъа, 21-уми июл дар қароргоҳи «ПСЖ» баргузор шуд. Мбаппе муаллифи голи дуввум ба дарвозаи дастаи нави Далер Кузяев гардид.
Пештар хабаре баромад, ки Килиан Мбаппе аллакай оиди шартҳои шахсии қарордоди корӣ бо  «Реал» ба тавофуқ расидааст. Ҳамлавари фаронсавӣ ҳарсола дар  Мадрид 54 млн евро ба даст меорад.
Бо вуҷуди ин гуфта шуд, ки «Реал» нияти пардохти беш аз 180 млн евро баҳри гузариши Мбаппе ба «ПСЖ»-ро надорад. Бошгоҳи фаронсавӣ дар навбати худ мехоҳад 180 млн евро ва қариб 47 млн евро дар шакли иловапулҳо ба даст орад. Маҳз ҳамин масъала метавонад вақти оғози гуфтушунидҳо мушкил ба миён орад, аммо «ПСЖ» хоҳу нохоҳ бояд, ки футболбозро фурӯшад, то соли 2024 Мбапперо бепул аз даст надиҳад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив