LIVE

Ҳамкориҳои бозории лигаҳои Туркия ва Англия идома доранд

Дар лигаи бошгоҳии рақами яки дунё ин зимистон дар қиёс ба дигарон "Тоттенхэм Хотспур" андак чаққонӣ кард. Ин тими лондонӣ Лукас Бергваллро аз дастаи "Барса" рабуда, пироҳани худӣ пӯшонд. Нимҳимоягари шведии 18-сола бо ҳамин бар ивази 10 млн ҷамъи иловапулиҳо аз тобистон дар ПЛА сина сипар мекунад. Барса бошад бозигари "Юргорден"-ро бар ивази 7+3 мдн евро гирифтанӣ буд, вале чӣ тавре дидем лондониҳо пули бештар доранд.
Ҳамкории Бергвалл ва "Тоттенхэм" аз рӯи ҳуҷҷатҳо то соли 2029 мӯҳлат дошта, Лукас ба тими наваш рӯзи 1-уми июл ҳамроҳ мешавад.  
Тими дигари англисӣ, вале миёнаҳол дар ПЛА "Ноттингем Форест" бошад Ҷо  Уореллро ба "Бешиктош"-и туркон ба иҷора равон кард. Сарвони даста аз моҳи декабр ҳатто ранги сабзаи майдони худиро надида буд.
 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив