LIVE

Президенти Аргентина беҳтарин бозигари таърихи футболро интихоб кард

Президенти Аргентина Хавйер Милей бозии форварди «Интер Майами» Лионел Месси ва чеҳраи дастони «албиселесте» Диего Марадонаро муқоиса намуда, аз миёни онҳо беҳтарин бозигари таърихи футболро интихоб кард.
«Марадона футболбози олидараҷа буд, ки бароямон хотираҳои фаромӯшнопазир эҳдо кард. Вале ба назарам ӯ беҳтарин набуд. Ҳамзамон ман ҳам бар онам, ки ӯро дар сатҳи инсонӣ беадолатона танқид кардаанд, зеро чизе, ки ӯ бо ҳаёти худ кард, кори шахсияш буд. Ҳаёти шумо моликияти Шумост.
Месси — беҳтарин бозигари ҳамаи давру замонҳост. Мақолае таҳти унвони «Мессии ғайриимкон» вуҷуд дорад, ки дар он гуфта мешавад, ки бо кадом сабабҳо ӯ дар ҳама ҷанбаҳои бозӣ беҳтарин аст. Ӯ ҳирфавӣ аст», — мерасонад аз суханони Милей нашрияи испании AS.
Қобили қайд аст, ки Хавйер Милей вазифаи президенти Аргентинаро моҳи  декабри соли 2023  ишғол намуд.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив