LIVE

Давлатманд Исломов комиссари бозии ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 таъин шуд

Роҳбари департаменти муносибатҳои байналмилалии ФФТ Давлатманд Исломов комиссари бозии ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 таъин шудааст.

Вохӯрии ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 рӯзи шанбе, 10-уми феврал дар варзишгоҳи «Лусаил»-и шаҳри Доҳа доир мешавад. Дар бозии ҳалкунанда  мунтахабҳои Урдун ва Қатар ба ҳам меоянд. Айнан ҳардӯи ин дастаҳо ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон буданд. Аз мунтахаби Қатар тими мо бо ҳисоби (0:1) дар марҳилаи гурӯҳӣ шикаст хӯрда, мунтахаби Урдун бошад моро дар марҳилаи чорякниҳоӣ бо ҳисоби (0:1) шикаст дода буд.

Қобили қайд аст, ки пештар Давлатманд Исломов чун   комиссар  дар нӯҳ бозиҳои Ҷоми Осиё-2023 дар Доҳа фаъолият карда буд. Ӯ дар бозиҳои миёни мунтахабҳои АМА – Гонконг (3:1), Малайзия – Урдун (0:4), Гонконг – Эрон (0:1), Баҳрайн – Малайзия (1:0), Эрон – АМА (2:1), Кореяи Ҷанубӣ – Малайзия (3:3), Арабистони Саудӣ – Кореяи Ҷанубӣ (1:1, аз рӯи пеналти – 2:4), Қатар – Ӯзбекистон (1:1, аз рӯи пеналти – 3:2) ва Эрон – Қатар (2:3) ба ҳайси комиссар фаъолият намуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив