LIVE

Ҳайати доварони бозӣ миёни Тоҷикистон – АМА маълум гардид

Номи довароне, ки бозии даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Осиё -2023 миёни тимҳои миллии Тоҷикистону Аморати Муттаҳидаи Араб (АМА)-ро ҳакамӣ мекунанд, маълум гардид.
Ин вохӯриро ҳайати доварон аз Ҷопон мегузаронад. Сардовари бозӣ реферии 37-солаи ФИФА Араки Юсуке таъин гардидааст, ки пештар дар бозии даври интихобии ҶҶ-2026 миёни мунтахабҳои  Покистон – Тоҷикистон (1:6) доварӣ карда буд. Аз канорҳо ба ӯ ҳамватанонаш – Ҷун Михара ва Такуми Такаги кумак мекунанд. Вазифаи довари эҳтиётӣ ба зиммаи Муҳаммад Хлед Ал-Хоҳиш аз Арабистони Саудӣ гузошта шудааст. Баҳри кори системаи VAR   Иида Юмпей аз Ҷопон ҷавобгар буда, ёвари VAR Сивакорн Пу-Удом аз Таиланд мебошад. 
Қобили қайд аст, ки бозии даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 миёни мунтахабҳои Тоҷикистону Аморати Муттаҳидаи Араб рӯзи якшанбе, 28-уми январ дар варзишгоҳи Аҳмад бин Алӣ  дар Доҳа доир мегардад. Вохӯрӣ соати 21:00 ба вақти шаҳри Душанбе оғоз мешавад.

Next Post

Комментарии 1

jamshedibezhan
jamshedibezhan от 27 января 2024 20:54
Умедворем, ки дар ин бози мукобили Иморат, доварон мисли бозихои гузашта нисбати тими нохакона муносибат накунанд)

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив