LIVE

Доварони бозии Тоҷикистону Лубнон дар Ҷоми Осиё-2023 маълум шуданд

Конфедератсияи футболи Осиё доваронеро, ки дар бозии даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 дар чаҳоргонаи «А» миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Лубнон кор хоҳанд кард, муайян намуд.
Ин бозиро довари 43-солаи ФИФА Муҳанад Қосим Саррай аз Ироқ доварӣ мекунад. Дар майдон ба ӯ ҳамватанонаш – ёварони довари ФИФА Ватек Мдаллал Убайд Ал-Свайдӣ ва Аҳмад Сабоҳ Қосим Ал-Бағдодӣ кӯмак мекунанд. Аҳмад Абубакр Саид Ал-Каф аз Уммон довари эҳтиётӣ таъйин шуд. Дар VAR Холид Солеҳ Ал-Тураис кор карда, ёвари VAR – Муҳаммад Хлед Ал-Хоиш хоҳад буд.
Бозии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Лубнон 22 январ дар варзишгоҳи Ҷоссим бин Ҳамади Доҳа баргузор шуда, соати 18:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 20:00 бо вақти Душанбе) оғоз мегардад.


Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив