LIVE

Довари тоҷик Гулмуроди Саъдулло бори аввал дар Ҷоми Осиё-2024 ҳакамӣ кард

Довари 33-солаи ФИФА Гулмуроди Саъдуллои тоҷик нахустин бозии худро дар Ҷоми Осиё-2023 дар Қатар анҷом дод.
Гулмуроди Саъдулло дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё бозии дастаҳои мунтахаби Ветнам ва Индонезияро дар чаҳоргонаи «D» ҳакамӣ намуд. Ин дидор имрӯз, 19-уми январ дар варзишгоҳи Абдуллоҳ бин Халифаи Доҳа баргузор шуда, бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи тими Индонезия анҷом ёфт. Дар ин бозӣ Гулмуроди Саъдулло чаҳор корти зард нишон дод: ду корт ба футболбозони Индонезия ва ду корти дигар ба бозигари ветнамӣ, ки аз майдон хориҷ карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан дар Ҷоми Осиё-2023 дар Доҳа Гулмуроди Саъдулло дар бозии Индонезия – Ироқ (1:3) ба ҳайси довари эҳтиётӣ фаъолият намуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив