LIVE

Ду бозии мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар Туркия

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) таҳти роҳбарии Мубин Эргашев ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024, ки аз 15 апрел то 3 май дар Доҳа баргузор мешавад, омодагӣ мегирад.
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба Ҷоми Осиё-2024 дар Анталия ҷамъомади дуҳафтаинаи тамринӣ мегузаронад. Дастпарварони Мубин Эргашев дар Туркия ду рақобати санҷишӣ доир карданд. Дастаи олимпии мо дар бозии аввал бар бошгоҳи «Аланяспор»-и Туркия бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард. Голро Салам Ашӯрмамадов ба самар расонд.
Дар бозии дуюми санҷишӣ мунтахаби Тоҷикистон (U-23) бар дастаи ҷавонони «Спартак»-и Москва бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд. Дар ин вохӯрӣ аз ҳайати дастаи мо Ҳайдар Сатторов ва Алиҷон Кароматуллозода муаллифи гол гардиданд.
Дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Анталия мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) боз як бозии санҷишии дигар баргузор мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив