LIVE

 Пирӯзиҳои мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар бозиҳои дӯстона

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 бо роҳбарии Мубин Эргашев се бозии дӯстона анҷом дод.
Дастаи олимпии мо дар Дубай ҳамсолони худ аз Кувайтро бо ҳисоби 1:0 (Муҳаммадиқбол Давлатов муаллифи гол аст) шикаст дода, аз тими Амороти Муттаҳидаи Араб бо ҳисоби 1:3 мағлуб шуд (голи дастаи моро Азизбек Ҳаитов ба самар расонид).
19-уми ноябр мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар шаҳри Сзинтсян бо тими Чин бозии дӯстона анҷом дода, бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Голҳои дастаи моро Тоҳирҷони Тағойзод ва Муҳаммадиқбол Давлатов ба ҳадаф расониданд.
Дастаи Мубин Эргашев вохӯрии санҷишии чаҳоруми худро дар ин моҳ пагоҳ, 22 ноябр бо тими олимпии Чин баргузор мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив