LIVE

Тими олимпии Тоҷикистон (U-23) аз Индонезия шикаст хурд

Тими олимпии Тоҷикистон (U-23) дар доираи омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 бо тими олимпии Индонезия бозии рафиқона доир намуд.

Вохӯрӣ пушти дарҳои баста, бидуни мухлисон ва намояндагони расонаҳо, дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд ва бо ҳисоби 2 бар 1 бо пирӯзии дастаи Индонезия   хотима ёфт. Аз ҳайати тими миллии мо бозигари "Истиқлол" -и пойтахт Шервонӣ Мабатшоев  гол зад. Ҳамин тариқ, дар маҷмуъ дар доираи омодагӣ ба мусобиқаи интихобии  Ҷоми Осиё-2022 дастаи олимпии Тоҷикистон  чор бозии дӯстона баргузор кард. Қаблан шогирдони Мубин Эргашев бо Баҳрайн (0:0, 2:2) ва Ветнам (1:1) мусовӣ карданд.

Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 тими олимпии Тоҷикистон (U-23) дар гурӯҳи "В" бозӣ мекунад. Рақибони тими мо дастаҳои миллии Лубнон (25 октябр), Непал (28 октябр) ва Эрон (31 октябр) хоҳанд буд.

Бозии дӯстона

ТОҶИКИСТОН (U -23) - Индонезия (U -23) - 1:2

Голҳо: Шервонӣ Мабатшоев, 5 (1:0). Ҳанис Сагара Путра, 35 (1:1). Амируддин Багус Каҳфӣ, 64 (1:2).

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив