LIVE

Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи «Ҳосилот» бозии санҷишӣ гузаронд

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 бо дастаи «Ҳосилот»-и Фархор бозии санҷишӣ анҷом дод.
Ин вохӯрӣ 3-юми сентябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, мусовӣ – 1:1 анҷом ёфт. Аз ҳайати мунтахаби олимпии кишвар ҳимоятгар Ҷонибек Шарифов гол зад. Голи «Ҳосилот»-и Фархорро ҳамлагари тими миллӣ Муҳаммадалӣ Азизбоев ба номаш сабт намуд.
Бояд гуфт, ки дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар гурӯҳи «I» баромад мекунад. Рақибони дастаи мо мунтахабҳои Лаос (9 сентябр) ва Австралия (12 сентябр) мебошанд. Вохӯриҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд.
Бозии санҷишӣ
Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) – «Ҳосилот» – 1:1
Голҳо: Муҳаммадалӣ Азизбоев, 16 (0:1). Ҷонибек Шарифов, 19 (1:1).
3 сентябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 300 тамошобин.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив