LIVE

Чаро Роналду дар овоздиҳӣ баҳри беҳтарин бозигари сол ширкат накард?

Ҳамлавари «Ал-Наср»-и  саудӣ Криштиану Роналду дар овоздиҳӣ баҳри беҳтарин бозигар аз ҷониби ФИФА иштирок накард.
Чӣ тавре сомонаи расмии ФИФА хабар медиҳад аз ҷониби Португалия овози худро дифоъгари «Порту» Пепе ирсол кардааст. Футболбоз дар зинаи аввал бозигари  «Манчестер Сити» Бернарду Силваро монда, дар зинаи дуюм – Эрлинг Холанд ва дар зинаи сеюм ҳамлавари  «Наполи» Виктор Осимхенро гузоштааст.
Ёдовар мешавем, ки ҳамлавари аргентинии «Интер Майами» Лионел Месси соҳиби ҷоизаи беҳтарин бозигари соли 2023 тибқи фарзияи ФИФА гардид.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив