LIVE

«Милан» метавонад Пиолиро аз кор ҷавоб диҳад

Чӣ тавре Sportitalia хабар медиҳад, Конте – мураббии ягонае мебошад, ки оиди таъинкунии ӯ дар вазифаи  Пиоли «Милан» андеша мекунад.
Пештар тахминҳо  оиди оне баромаданд, ки  Стефано аллакай айни ҳол дар ҳоли аз кор ҷавобдиҳӣ қарор дорад ва ин ҳам вобаста ба натиҷаҳои ғайриқаноатбахши даставии  «Милан» ва ҳазфшавӣ аз Лигаи чемпионҳо мебошад. Аммо ҳафтаҳои ахир мураббӣ вазъро тағйир дод. Эҳтимолан ӯ то охири мавсим дар «Милан» мемонад, вале ояндаи ӯ то ҳол норӯшан боқӣ мемонад.
Ба иттилоъи сарчашма, номзади ягона бар ивази Пиоли ба қавли молики «Милан» Ҷерри Кардинале, – ин Конте мебошад, зеро Роберто Де Дзерби омодаи рафтан аз «Брайтон» нест ва таъинкунии Тиаго Мотта аз «Болоня»-ро қадами ниҳоят таваккаловар медонанд.
Пештар Конте дар «Ювентус» ва «Интер» кор карда буд. Ҳардӯи дастаҳо таҳти роҳбари ӯ ғолиби Серияи А шуда буданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив