LIVE

Бозигарони «Истиқлол» Ҷоми қаҳрамонии Лигаи олиро ба даст оварданд

Ба футболбозон ва ҳайати мураббиёну роҳбарияти дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, ки дар чемпионати Тоҷикистон-2023 пеш аз муҳлат пирӯзӣ ба даст оварданд, пас аз бозии даври дуюми гурӯҳи «А» бо «Равшан»-и Кӯлоб (2:0) ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тилло тақдим карда шуданд. Футболбозони «Истиқлол» бо роҳбарии сармураббӣ Игор Черевченко дувоздаҳумин медали тиллои худро ба даст оварданд.
Дар маросими ҷоизасупорӣ ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ва директори генералии Лигаи футболи кишвар Сайвалӣ Шоқурбонов иштирок намуданд.
Бояд гуфт, ки қаблан «Истиқлол» дар солҳои 2010, 2011, 2014, 2015, 2016, 2017, 2018, 2019, 2020, 2021 ва 2022 қаҳрамони Тоҷикистон шуда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив