«Барселона» омодаи ба иҷора гирифтани бозигар бар ивази Гави мебошад.
Ёдрас мекунем, ки Гави аз барои ҷароҳати ҷиддии зону, ки дар бозӣ миёни мунтахабҳои Испания ва Гурҷистон (3:1) гирифта буд, ба мӯҳлати 7-9 моҳ аз қатор афтод.
Ба иттилоъи Diario Sport «Барселона» ба ҷустуҷӯи ивазкунандаи муваққатии Гави баромадааст – бошгоҳи каталонӣ мехоҳад бозигари навро дар равзанаи зимистонаи трансферӣ то охири мавсими ба иҷора гирад. Айни ҳол директори варзишии бошгоҳ Деку вариантҳои пурқувваткунии хати нимҳимояро бо бозигаре баррасӣ мекунад, ки аз ҷиҳати ҷисмонӣ қавӣ буда, дар рақобатҳои як ба як барқарор аст. Бо вуҷуди ин арзиши гузариш набояд, ки аз 2,5 млн евро зиёд бошад.
Қайд карда мешавад ки тамдидкунии шартнома бо бозигар баъди анҷом мӯҳлати иҷора бо имконияти риоякунии қоидаи сабтиномкунӣ истисно нест – шартнома метавонад танҳо аз 1-уми январ мавриди амал қарор гирад ва маоши бозигари нав набояд, ки аз ҳаҷми 80%-и маоши кории Гави зиёд бошад.