LIVE

Вундеркинди "Барса" аз гузаштан ба "Ливерпул" ва "МС" даст кашид

Нимҳимоятгари "Барселона" Гави аз гузаштан ба "Ливерпул" ва "Манчестер Сити"  даст мекашад. Расонаҳо менависанд, ки ӯ мехоҳад дар "Барселона" боқӣ монад. 
Қаблан хабар дода шуда буд, ки қарордод барои ин футболбози 17-сола моҳи декабри соли гузашта омода шуда буд. Гуфта мешавад, тамдиди муҳлати қарордод миёни тарафҳо танҳо кори замон аст.

Гави дар ин мавсим дар 25 бозии Ла Лига ду гол ва 5 партофти головар кардааст. Шартномаи феълии нимҳимоятгар то охири мавсими оянда муҳлат дорад. Transfermarkt Гавиро 60 миллион евро нарх гузоштааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив