LIVE

Антуан Гризманн ровии телевизион мешавад

Ҳамлавари «Атлетико» ва мунтахаби Фаронса Антуан Гризманн барандаи барнома оиди футболи амрикоӣ мешавад, иттилоъ медиҳад Marca.
Футболбози фаронсавӣ  ровии шоу-барнома таҳти унвони NFL’s Grizi Huddle дар  YouTube-шабакаи Лигаи миллии футбол (ЛМФ) хоҳад буд. Барнома ба беҳтарин лаҳзаҳои бозиҳои ҳафта бахшида шуда, ҳамчунин мусоҳиба бо ситорагони лигаро дар бар мегирад. Ҳамчунин ровӣ ва меҳмонони шоу-барнома оиди бозиҳои дарпешистодаи ЛМФ пешгӯиҳо анҷом медиҳанд.
«Ман мухлиси ашаддии ЛМФ ҳастам. Имконияти ҳамкорӣ бо ин лига дар барномаи нав барои мухлисони испанизабони футболи амрикоӣ — ин орзӯи амалишаванда аст. Мо ният дорем шоу-барномаеро омода кунем, ки аз он мухлисони нав ва кӯҳан ифтихор хоҳанд кард, аз ин рӯ ба мо бипайвандед», — қайд намудааст Гризманн.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив