Дифоъгари украинии «Арсенал» Александр Зинченко номи ҳарифи мушкилтаринаш аз миёни бозигарони ПЛА-ро гуфт.
«Ман мегуфтам, ки ин нафар Мо Салоҳ аст. Суръат, нерӯмандӣ, бозигарони тезкор, хеле хатарнок», — мерасонад аз суханони Зинченко сомонаи ua.tribuna.com.
Пештар хабар дода мешуд, ки роҳбарияти «Арсенал» омодаи роҳандозии раванди гуфтушунидҳо бо Александр Зинченко дар мавриди тамдидкунии шартномаи корӣ мебошад.
Ёдрас мекунем, ки бозигари 26-сола ба сафи «Арсенал» аз «Манчестер Сити» соли 2022 пайваста, дар ин фурсат Зинченко 41 маротиба бо пироҳани тими лондонӣ ба майдон омад ва як голу ду партофти голӣ ба омор гирифт. Тибқи маълумоти сомонаи Transfermarkt арзиши бозории футболбози украинӣ 42 млн евро мебошад.