LIVE

Фабрисио Романо кадом бозигари мунтахаби Украинаро таъриф кард?

Хабаррасони итолиёвӣ Фабрисио Романо нисбати нимҳимоягари «Шахтёр» ва мунтахаби Украина Георгий Судаков суханони хуш гуфт.
Баъди бозии дирӯза муқобили мунтахаби Македонияи Шимолӣ Судаков дар шабакаҳои иҷтимоии хеш нашреро гузошт, ки дар он ба мухлисон баҳри дастгириҳояшон изҳори сипос намуд.
Ин нашрияро саҳифаи расмии тими «Шахтёр», варзишгари украинӣ Олег Верняев ва ҳамчунин журналисти маъруф Фабрисио Романо шарҳ доданд. Итолиёвӣ навиштааст: «Истеъдоди олӣ».
Дар дақиқаи 30-юми вохӯрӣ нимҳимоягари мизбонон Георгий Судаков аз партофти Александр Зинченко ба задани гол ба дарвозаи мунтахаби Македония шимолӣ даст ёфт ва бо кушодани ҳисоб мунтахаби Украинаро ба пеш баровард. Дар фурсатҳои ахири бозӣ, дақиқтараш дар дақиқаи 90+5-ум  Александр Караваев аз партофти Роман Яремчук голи дуюмро вориди дарваозаи ҳариф намуд ва бо ҳамин ба пирӯзии дастааш бо ҳисоби  2:0 нуқта гузошт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив