LIVE

Муноқишаи сармураббии «Интер Майами» бо журналистон

Сармураббии «Интер Майами» Херардо Мартино ба суханони журналисте, ки ӯро баҳри ба марҳилаи плей-оффи МЛС роҳ наёфтани дастааш новобаста аз харидориҳои ситораҳо айбдор кард, ба таври эҳсосотӣ аксуламал нишон дод.
«Тағйироте, ки ба миён омаданд, кай буданд? Январ, феврал, март? Посух диҳед, чизе, ки аз Шумо мепурсам, аз кадом фурсат Шумо инро таҳлил мекунед, аз оғози сол? Агар бихоҳам, ё баръакс посух намедиҳам. Биё, дар мавриди дигар гап мезанем, муносибати ту нисбатам бисёр ноэҳтиромона аст», — иқтибос меорад аз суханони Мартино Marca.
«Интер Майами» мавсимро бо ишғоли зинаи 14-ум дар Конференсияи Шарқӣ ҷамъбаст намуд.
Ёдрас мекунем, ки дар мавсими сипаришаванда ба даста Лионел Месси, Жорди Алба ва Серхио Бускетс омада буданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив