LIVE

Нашрияи FourFourTwo рӯйхати ҳайратангезтарин трансферҳоро дар таърихи футбол мунташир кард

Нашрияи британии FourFourTwo раддабандии 32 гузаришҳои трансфериеро тартиб дод, ки дар таърихи футбол ҳайратангезтарин гардидаанд.
Садрнишини рӯйхати мазкур Луиш Фигу гардид, ки аз «Барселона» ба «Реал» гузариш намуда буд.
Шомили топ-3 ҳамчунин гузаришҳои Сол Кэмпбелл аз «Тоттенҳэм» ба «Арсенал» ва Неймар аз «Барселона» ба «ПСЖ» шуданд.
Топ-10 трансферҳои ҳайратангез чунин тавр аст:
1. Луиш Фигу, аз «Барселона» ба «Реал».
2. Сол Кэмпбелл, аз «Тоттенҳэм» ба «Арсенал».
3. Неймар, аз «Барселона» ба «ПСЖ».
4. Карлос Тевес ва Хавйер Маскерано, аз «Коринтианс» ба «Вест Ҳэм».
5. Эрик Кантона, аз «Лидс» ба «Манчестер Юнайтед».
6. Роберто Баҷо, аз «Фиорентина» ба «Ювентус».
7. Кевин Киган, аз «Гамбург» ба «Саутҳемптон».
8. Лютер Блисетт, аз «Уотфорд» ба «Милан».
9. Энди Коул, аз «Нюкасл» ба «Манчестер Юнайтед».
10. Рикардо Виля ва Освалдо Ардилес, аз «Россинг» ва «Уракан» ба «Тоттенҳэм».

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив