LIVE

Шаш футболбози беҳтарини ҷаҳон аз нигоҳи Луиш Фигу

Барандаи ҷоизаи "Тӯби тиллоӣ"-и соли 2000-ум, собиқ нимҳимоятгари "Барселона" ва "Реал Мадрид" Луиш Фигу, 6 футболбози беҳтарини ҷаҳонро дар айни ҳол номбар кард. Бино ба гузориши Mirror, ба ин рӯйхат як намояндаи ПЛА - Муҳаммад Салоҳ аз дастаи “Ливерпул” шомил шудааст.

Рӯйхати пурраи Фигу чунин аст: Криштиану Роналду (Ювентус), Лионел Месси (Барселона), Лука Модрич (Реал Мадрид), Муҳаммад Салоҳ (Ливерпул), Килиан Мбаппе (ПСЖ), Неймар (ПСЖ).

Дар тӯли фаъолияти худ Фиго дар ҳамаи дастаҳое, ки бозӣ кардааст, соҳиби ҷоизаҳо гаштааст. Дар сатҳи тими миллӣ, ӯ дар 127 бозӣ 32 гол зада, дар се чемпионати Аврупо ва ду чемпионати ҷаҳон баромад кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив