LIVE

«Зенит» нисбати ҳамлавари 18-солаи «Срвена Звезда» Миятович мароқ зоҳир кардааст

«Зенит» нисбати ҳамлавари 18-солаи «Срвена Звезда»-и сербӣ Йован Миятович таваҷҷӯҳ кардааст. Дар ин бора нашрияи Sportske Vesti иттилоъ медиҳад.
Бино ба иттилоъи сарчашма айни ҳол иртиботи расмӣ миёни ҷонибҳо набудааст ва аз ин рӯ маълум нест, ки «Зенит» чанд қадар маблағ метавонад  ба  «Срвена Звезда» баҳри ин футболбози боистеъдод пешниҳод намояд. Мавсими ҷорӣ  дар чемпионата Сербия Миятович чор бозӣ ва як гол дорад. Ғайр  аз ин, сербии 18-сола ду маротиба дар Лигаи наврасони УЕФА вақти бозиҳо зидди «Манчестер Сити» U19 ва «Янг Бойз» U19 ба задани гол даст ёфтааст.
Сомонаи Transfermarkt арзиши тахминии бозигареро, метавонад дар канорҳо ва хати пеш ҳуҷум бозӣ кунад,   1,8 млн евро баҳогузорӣ кардааст. Ёдрас мекунем, ки тобистон «Зенит» аз «Срвена Звезда» дифоъгари 22-сола Эраковичро харидорӣ карда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив