LIVE

«Манчестер Сити» дар талоши харидории Тони Кроос

«Манчестер Сити» дар имзокунии шарнома бо нимҳимоягари «Реал» Тони Кроос тобистони соли оянда мебошад, иттилоъ медиҳад Mundo Deportivo.
Гузариш метавонад ба ҳайси футболбози озод амалӣ шавад, зеро мӯҳлати шартномаи бозигари олмонӣ бо тими мадридӣ тобистони соли оянда анҷом меёбад.
Қайд карда мешавад, ки «Манчестер Сити» омодаи пардохти 15 млн евро ҳар мавсим ба Кроос мебошад. Дар гузариши Тони сармураббии «шаҳриҳо» Хосеп Гвардиола иштиёқманд буда, таҳти роҳбарии ӯ футболбоз дар сафи «Бавария» мавсими -2013/2014 бозӣ карда буд.
Ёдрас мекунем, ки Кроос дар сафи «Реал» аз моҳи июли соли 2014 баромад карда, ин мавсим муаллифи як голу ду паси головар дар 11 бозӣ мебошад. Баъди нӯҳ даври чемпионати «Реал» бо касби 24 хол садрнишини ҷадвали мусобиқа мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив