Хулен Лопетеги омода аст, ки дар сурати аз кор рондани Руди Гарсия вазифаи сармураббигии «Наполи»-ро ба гардан гирад, иттилоъ медиҳад Corriere dello Sport.
Тибқи иттилоъи сарчашма Лопетеги худ хизматҳояшро ба ҷониби неаполитаниҳо пешниҳод кардааст, дар ҳоле, ки президенти бошгоҳ Аурелио Де Лаурентис мехоҳад Антонио Контеро дар ин вазифа таъин кунад.
Ҷои ахири кории мутахассиси 57-сола «Вулверхэмптон» буд. Таҳти роҳбарии Лопетеги бошгоҳи англисӣ дар мавсими-2022/2023 бо касби 41 дар зинаи 13-ум қарор гирифт.
Ҳамчунин Лопетеги дар масири маснади варзишии хеш тимҳои «Реал» Мадрид, «Севиля», «Порту» ва мунтахаби Испанияро тамрин додааст.
Гарсия бошад моҳи июни соли ҷорӣ сармураббии «Наполи» шуда, мавсими ҷорӣ дастааш баъди ҳашт давр бо 14 хол дар зинаи панҷум қарор дорад. Рӯзи 8-уми октябр қаҳрамони феълии Италия дар майдони хеш аз «Фиорентина» (1:3) шикаст хӯрд. Ба Гарсия дар роҳи ислоҳи вазъи ба миёномада се бозӣ мӯҳлат дода шуд.
Муддаии асосӣ бар ивази Гарсия Антонио Конте номида мешавад, вале тибқи овозаҳо мураббии итолиёвӣ фурсатҳои наздик ба кор шурӯъ нахоҳад кард.
