LIVE

Тите сармураббии нави «Фламенго» шуд

Собиқ сармураббии мунтахаби  Бразилия Тите вазифаи мураббигии тими бразилии «Фламенго»-ро ба гардан гирифт.
«Фламенго» иттилоъ медиҳад, ки бошгоҳ ва Тите дар мавриди ба кор пардохтани мутахассис ба мувофиқа расиданд. Тите шартномаи мӯҳлаташ то соли 2024 имзо намуда, ба кор шурӯъ мекунад.
Ба ситоди Тите ёваронаш Матеус Бачи, Клебер Ксавйе, Сезар Сампайо ва ҳамчунин мураббӣ оиди омодагии ҷисмонӣ Фабио Махсереҷян ва таҳлилгар Лукас Оливейра шомил мешаванд.
Мо ба кулли онҳо кори пурсамар ва комёбиҳои бузург хоҳонем», — гуфта шудааст дар сомонаи расмии «Фламенго» дар «Твиттер».
Тите аз тобистони соли 2016 то зимистони соли 2022 сармураббии мунтахаби Бразилия буда, пештар тимҳои зиёди бразилӣ ва ҳамчунин дастаҳо аз Аморати Муттаҳидаи Арабро тамрин додааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив