LIVE

Барбоза ба Бразилия меравад

Футболбози 23 солаи бразилии дастаи «Интер» - и Италия, Габриэл Барбоза «Интер»-ро ба «Фламенго» иваз мекунад. Роҳбарияти бошгоҳи бразилии «Фламенго» оиди гузариши ин футболбоз аллакай ба мувофиқа расидаанд. Барбозаро бошгоҳи милании «Интер» 26 августи соли 2016 аз бошгоҳи бразилии «Сантес» ба маблағи 30 миллион евро харидорӣ намуда, ӯро ба тариқи иҷораи дарозмуҳлат ба дигар дастаҳо дода буд. Акнун «Фламенго» ӯро ба 16 миллион евро ба даст оварданист. Баъдан ӯро дубора ба дастаи қаблан фаъолият мекардааш, «Сантос» ба иҷора доданд. Баъди «Сантос» ва «Бенфика» дар моҳи январи соли 2019 ӯ ба ҳайати «Фламенго» пайваст. Дар ҳайати ин даста, ӯ қаҳрамони Бразилия гашта, инчунин Ҷоми Либертадоресро низ ба даст овардааст. Барбоза дар ҳайати «Фламенго» ҳамагӣ 43 бозӣ намуда, ба задани 34 гол ва 11 партоби головар даст ёфтааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив