Собиқ ҳамлагари дастаҳои “Челси” ва “Реал Мадрид” дар фикри анҷоми корномаи варзишиаш аст. Дар ин бора Get French Football News хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, Азар аз чанд даста пешниҳод дошт, аммо футболбоз ният дорад, ки кафшҳояшро овезон кунад.
Аз соли 2019 инҷониб дар ҳайати “Реал Мадрид” бозӣ мекунад. Ӯ қаблан дар дастаҳои «Челси» ва «Лилл» бозӣ кардааст. Эден дар ҳайати «Реал Мадрид» 76 бозӣ карда, ба задани 7 гол ва 12 ассист даст ёфтааст. Дар мавсими гузашта, белгиягӣ 10 бозӣ анҷом дода, дар онҳо як гол ва 2 партофти головар кардааст.
Азар якҷо бо “Реал Мадрид” ду бор қаҳрамони Испания (2019/2020, 2021/2022), дар солҳои 2022/2023 барандаи Ҷоми Испания ва ду маротиба Суперҷоми Испания (2019/2020, 2021/2022) шудааст. Футболбози белгиягӣ ғолиби Лигаи Чемпионҳо дар мавсими 2021/2022 мебошад.