LIVE

Охирин шонси Азар дар "Реал Мадрид"

«Реал Мадрид» омода аст, ки ба ҳуҷумгари тими миллии Белгия Эден Азар охирин имконият диҳад, хабар медиҳад Marca.
Ба гуфтаи манбаъ, ин охирин шонси бозигари бошгоҳи шаҳри Мадрид аст. Барои нишон додани худ, Азар бояд дар ҳама мавқеъ бозӣ кунад ва натиҷа нишон бидиҳад. 
Ёдовар мешавем, ки аз замони ворид шуданаш ба бошгоҳи мадридӣ, футболбози белгиягӣ дар 66 бозӣ дар тамоми мусобиқот 6 гол ва 10 ассист кардааст.
Эден Азар дар тӯли фаъолияти худ дар “Реал Мадрид” 16 маротиба осеб, ки дар натиҷа ӯ дар 72 бозӣ ширкат варзида натавонистааст. 
Қаблан хабар дода шуда буд, ки худи футболбози белгиягӣ ният дорад, ки дар “Реал Мадрид” бимонад ва барои роҳхат дар ҳайати асосӣ мубориза барад. “Реал Мадрид” дар сурати пайдо шудани пешниҳоди хуб омодааст, ки Эденро ба дастаи дигар фиристад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив