LIVE

Роналду, Неймар ё Бензема кӣ ба Тоҷикистон меояд?

Имрӯз, 24-уми август дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё воқеъ дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия маросими қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳо ва Ҷоми КФО баргузор мешавад. Дар ин маросим аз икшвари мо намояндагони қаҳрамони Чемпионати Тоҷикистон дастаи “Истиқлол” ва ноибқаҳрамон барандаи Суперҷоми кишвар дастаи “Равшан” иштирок доранд
         Ба мову шумо маълум аст, ки имсол дастаҳои Арабистони Саудӣ бо харидории ситораҳои ҷаҳонии футбол ба монанди Роналду, Мане, Бензема, Неймар ва дигарон ҷаҳонро ба тааҷҷуб оварданд. Пас аз маросими қуръакашӣ маълум мешавад, ки кадом даста рақиби “Истиқлол” дар ЛЧ мешавад. Ногуфта намонад, ки “Ал-Ҳило”-и Неймар ва ё “Ал-Наср”-и Роналду дар як гурӯҳ бо “Истиқлол” имкони бозӣ карданро доранд. 
Маросими қуръакашии ЛЧО-ро имрӯз соати 13:00 аз шабакаи ТВ “Варзиш” мустақиман тамошо намоед. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив