Мунтахаби бонувони Испания оид ба футбол дар финали Ҷоми ҷаҳон-2023 бар яккачини Англия бо натиҷаи 1:0 дастболо шуда, унвони қаҳрамонии ҷаҳонро соҳиб шуд. Дар ин вохӯрӣ, ки дар шаҳри Сиднейи Австралия доир шуд, ягона голи муҳимро Олга Кармона дар дақиқаи 29-ум ба самар расонид. Мунтахабҳои Испания ва Англия бори аввал дар финали Ҷоми ҷаҳон даст ба гиребон шуданд.