LIVE

Дар ин рӯз Инйеста Испанияро қаҳрамон карда буд

Имрӯз 11-уми июл, Испания қаҳрамони ҷаҳон гардида буд. Аз ин рӯзи таърихӣ барои футболи Испания 10 сол сипарӣ шуд. Дар финал сурхпӯшон бар дастаи мунтахаби Нидерландия 1:0 ғолиб омаданд. Ягона голи тақдирсози ин бозиро Андрес Инйеста дар дақиқаи 116-ум ба ҳадаф расонид.
Испаниҳо мусобиқаро бо нокомӣ шуруъ намуданд. Испания аз Швейтсария (0:1) шикаст хурд. Баъдан бар мунтахабҳои Гондурас (2:0) ва Чили (2:1) зафар ёфт. Дар плей-офф мунтахабҳои  Португалия, Парагвай ва Олмон аз испаниҳо шикаст хурда буданд. 
Ин нахустин ғалабаи Испания дар Ҷоми Ҷаҳон маҳсуб мешавад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив