Иттиҳодияи ассотсиатсияҳои футболи Аврупо (УЕФА) се довталаби унвони беҳтарин бозигари Аврупоро аз рӯи натиҷаҳои мавсими 2022/23 эълон кард, хабар медиҳад дафтари матбуоти ин созмон.
Ба рӯйхати муддаён Кевин Де Брюйне ва Эрлинг Ҳоланд (ҳарду — «Манчестер Сити») ва инчунин Лионел Месси («Интер Майами») шомил шудаанд.
Исми ғолиб рӯзи 31-уми август дар маросими қуръапартоии марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳо маълум мешавад.