LIVE

УЕФА довталабони унвони "беҳтарин"-и Лигаи чемпионҳоро эълон кард

Хадамоти матбуоти созмони УЕФА рӯйхати бозигаронеро, ки барои унвони беҳтарин бозигарони Лигаи Чемпионҳо мубориза мебаранд, эълон кард. Ба ҳар як мавқеъ се довталаб пешниҳод карда шуд.

Дарвозабонҳо: Тибо Куртуа («Реал Мадрид»), Эдерсон («Манчестер Сити»), Эдуард Менди («Челси»);

Ҳимоятгарон: Сесар Аспиликуэта («Челси»), Рубен Диаш («Манчестер Сити»), Антонио Рюдигер («Челси»);

Нимҳимоятгарон: Кевин Де Брёйне («Манчестер Сити»), Жоржинйо («Челси»), Н'Голо Канте («Челси»);

Ҳуҷумкунандагон: Эрлинг Ҳоланд («Боруссия» Д), Роберт Левандовски («Бавария»), Килиан Мбаппе («ПСЖ»).

Ҳайати ҳакамон мураббиёни 32 дастаҳо, ки дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳо дар мавсими гузашта бозӣ карданд, инчунин 55 рӯзноманигор аз ҳама ассотсиатсияҳои УЕФА, ки аз ҷониби Ассотсиатсияи нашриёти варзишии Аврупо (ESM) интихоб шудаанд, овоз медиҳанд. Мураббиён наметавонанд ба бозигарони дастаи худ овоз диҳанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив