LIVE

Беҳтарин бозигари даври 1/8 ниҳоии Лигаи Чемпионҳо аз нигоҳи UEFA

Нимҳимоятгари “Реал Мадрид” - Лука Модрич беҳтарин бозигари ҳафта дар даври 1/8 ниҳоии Лигаи Чемпионҳо дониста шуд, хабар медиҳад сомонаи расмии UEFA.            
Дар бозӣ бар муқобили “Аталанта”, ки рӯзи 16-уми март баргузор шуд, футболбози хорватӣ партофти головар анҷом дод. Дар ин дидор, “Реал Мадрид” рақибашро бо ҳисоби 3:1 дар варзишгоҳи худ мағлуб кард. 
Нимҳимоятгарон Кевин Де Брюйне (Манчестер Сити), Н'Голо Канте (Челси) ва Йозуа Киммих (Бавария) низ довталаб барои дарёфти унвони беҳтарин бозигари ҳафта маҳсуб мешуданд.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив