LIVE

Неймарро аз «ПСЖ» хориҷ мекунанд

Якчанд футболбози ҳайати аввалияи дастаи “ПСЖ”-и Фаронса аз ҷониби сармураббии даста Луис Энрике ва директори варзиши бошгоҳ Луис Кампос аз даста хориҷ карда мешаванд. 
 Ба иттилои манбаъ, мураббӣ ва директори варзиш ба ҳамлагарон Неймар ва Уго Экитика, нимҳимоятгарон Марко Верратти ва Ренат Санчес ва ҳимоятгар Хуан Бернат хабар додаанд, ки ба худ дастаи нав пайдо кунанд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Неймар ва Верратти пеш аз анҷом тамрини дастаи парижиро тарк намуда буданд. Ба иттилои расонаҳо, нимҳимоятгари итолиёвӣ наздик аст, ки ба чемпионати Арабистони Саудӣ гузар кунад. Тибқи овозаҳо, Неймар мехоҳад фаъолияти худро дар MLS-и Амрико идома диҳад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив