Ҳайати «Челси»-ро дифоъгар аз «Монако» Аксел Дисаси пурра намуд.
Футболбози 25-солаи мунтахаби Фаронса, ки дар бошгоҳи шоҳигарӣ се мавсим гузаронид, бо лондониҳо шартномаи шашсола баст.
Пештар маълум шуда буд, ки «Челси» баҳри Аксел ба «Монако» 45 миллион евро пардохт мекунад.
Дисаси 130 бозӣ дар Лигаи 1-уми Фаронса гузаронида, 4 маротиба дар сафи мунтахаби Фаронса ба майдон омадааст.