LIVE

Алекс Теллес ҳамдастаи Роналду шуд

Дифоъгари «Манчестер Юнайтед» Алекс Теллес бо тими арабӣ шартномаи дусола имзо кард. Арзиши гузариш ду миллион  фунтро ташкил дода, ду миллиони дигар дар шакли иловапулиҳо муқаррар карда шудаанд.  Маоши худи бозигар бошад солона қариб 7 миллион  евроро ташкил медиҳад.
Дар сафи дастаи манчестерӣ дифоъгар аз соли   2020-ум баромад карда, мавсими қаблӣ тариқи иҷора дар «Севиля» буд. Испаниҳо бозигарро харидорӣ карда натавонистанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив