LIVE

Шартномаи 20-солаи Криштиану Роналду бо ширкати Nike дар ҳоли қатъшавӣ қарор дорад

Криштиану Роналду аввалин бозии пешазмавсимии хешро дар варзишгоҳи «Алгарве» гузаронид ва 45 дақиқа дар майдон бозӣ кард. Ҳамаи голҳо дар нимаи дуюм баъди аз майдон берун шудани Роналду ва бозигари нави «Ал-Наср» Марсело Брозович зада шуданд. «Ал-Наср» аз тими «Селта» бо ҳисоби 5:0 шикаст хӯрд.
Бохти бузург ягона ҳолати рухдодаи бозӣ ба ҳисоб нарафта, эҳтимолан Роналду дар майдон аз таҷҳизоти варзишии ширкат Adidas истифода намудааст, ҳарчанд, ки шартнома бо ширкати  Nike дорад.
Роналду варзишгари ширкати Nike аз соли 2003 буда,   шартномаи якумра ба маблағи 1 миллиард доллар соли 2016 бо ин ширкат бастааст. Аслан ӯ либосҳо ва пояфзоли  Nike-ро барои ширкатҳои тарғиботӣ истифода мекунад, аммо вақти бозӣ мухлисон мушоҳида карданд, ки бозигари португалӣ таҷҳизоти муҳофизати пойҳо (футбольные щитки)-и X Pro Adidas-ро бар ивази Nike истифода кардаасӣ.
Ин интихоби ғайриинтизор суолҳоро дар миён гузошт ва дар ширкати Nike аз чунин ҳолат метавонанд норизо бошанд. Акс аз бозӣ дар шабакаҳои иҷтимоии  Роналду пайдо шуданд ва мухлисон чизҳои шубҳанокро мушоҳида намуданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив