LIVE

Криштиану Роналдуро кӣ сарватмандтарин футболбози ҷаҳон мекунад?

Криштиану Роналду дар тӯли фаъолияти  худ 1 миллиарду 240 миллион доллар ба даст овардааст. Ӯ як кисми ин маблағро харҷ кардааст, аммо аз чихати сарваташ дар байни футболбозони чахон пешсаф аст - 500 миллион доллар. Ин ҳама аз куҷо пайдо шуданд?

Nike
Шарикии Роналду бо бренди Nike соли 2003 оғоз шудааст. Соли 2016 шартномаи сарпарастии якумра ба имзо расид, ки тибқи он Криштиану 1 миллиард доллар дарёфт мекунад.

TAG Heuer
Криштиану аз соли 2016 сафири ҷаҳонии бренди соатҳои Швейтсария мебошад.

Herbalife
Ҳамкорӣ соли 2013 оғоз шуда, соли 2018 шартномаи нави сесола ба имзо расид.

MTG
Криштиану аз соли 2014 чеҳраи яке аз  ширкатҳои бузурги таҷҳизоти тамринӣ мебошад.

Garena Free Fire
Криштиану яке аз қаҳрамонҳои бозии аз ҳама серистифодаи соли 2019 дар Google Play мебошад. Соли гузашта барои истифода аз тасвир 70 миллион доллар гирифта буд, имсол 47 миллион доллари дигар ба даст меорад.

"Инстаграм"
Барои як посташ дар шабакаи иҷтимоӣ 889 ҳазор доллар мегирад, ки ин аз ҳама варзишгарони ҷаҳон зиёдтар аст.

Империяи тиҷорати шахсии Роналду
Шабакаи меҳмонхонаҳои Pestana CR7 ба зудӣ дар Лиссабон ва дигар шаҳрҳои ҷаҳон ба кор медарояд. 12 клиникаи мӯйчаспонӣ дар Марбелла, Мадрид ва Португалия дар як сол 114 миллион доллар даромад меоранд.

Маош дар "Манчестер Юнайтед"
Дар ин мавсим Криштиану дар "Манчестер Юнайтед" 33,5 миллион доллар ба даст меорад. Як қисми ками даромади умумӣ, вале ба ҳар ҳол маблағи муносиб.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив