Аз рӯи маълумоти El Nacional «Нюкасл» омодаи пешниҳоди рекордӣ дар ҳаҷми 80 миллион евро баҳри бозигарест,ки «Манчестер Юнайтед» ва «Реал» аз барояш даъвогаранд. Ин ҳам Гонсалу Рамуш мебошад.
Рамуш – яке аз ҳамлаварони ояндадорест, ки дар марҳилаи 1/8 ниҳоии Ҷоми Ҷаҳон дар Қатар ҳет-трик намуда, худи Криштиану Роналдуро ба фаромӯшӣ бурд. Дар мавсими-2022/23 португалӣ 27 голу 12 партофти голӣ дар 47 бозиҳои «Бенфика» ба омор гирифтааст.
«Ман Юнайтед» кайҳо боз нисбати Рамуш таваҷҷӯҳ дошта, «Реал» ва «ПСЖ» низ ин бозигарро ба рӯйхати кӯтоҳи трансферии хеш ворид кардаанд. «Бенфика» аллакай пешниҳоди «ПСЖ»-ро дар ҳаҷми 60 млн евро рад кардааст.
«Нюкасл» бошад харидории ин ҳамлаварро аз ҳадафҳои асосии трансферӣ номидааст. Бошгоҳ дар мавсими навин ба Лигаи чемпионҳо бозгашт намуда, ният дорад, ки ҳайатро пурқувват кунад. Роҳбарияти «Нюкасл» омода аст, ки баҳри ба даст овардани ҳамлавари 22-сола 80 миллион евро масраф намояд.