LIVE

«Барселона» то ҳол маоши Лионел Мессиро пардохт мекунад

«Барселона» барои ҳамлавари собиқи хеш Лионел Месси то ба ҳол пардохти маоши корияшро идома медиҳад. Дар ин бора президенти нилунориҳо Жоан Лапорта иттилоъ дод.
«Мо барои Месси хайрбоди бузургтаринро доир мекунем. Хеле хушнуд хоҳам буд, ки агар мо дар рӯзи кушодашавии «Камп Ноу»-и нав инро амалӣ созем. Айни ҳол мо бояд маоши ӯро то соли 2025 пардохт намоем, зеро вақти бӯҳронӣ  ӯ ба  мо сабукӣ дод ва қарор кард, ки пардохти маош ба вақти дигар гузаронида шавад», — иқтибос меорад аз суханони Лапорта Mundo Deportivo.
Мессиро зарур омад, ки моҳи августи соли 2021 аз «Барселона» равад ва ин қарор ҳам вобаста ба мушкилот бо шартномааш ба миён омад. 
Бозигари аргентинӣ ба сафи «ПСЖ» гузариш кард ва онҷо ду сол гузаронд. Шурӯъ аз ин тобистон бошад Месси маснади варзишияшро дар сафи «Интер Майами» идома медиҳад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив