LIVE

Сабаби асоссии рафтани Месси аз "Барселона" муайян шуд

Президенти «Барселона» Жоан Лапорта иқрор шуд, ки Лионел Мессиро ҳатто бо рафтани Антуан Гризманн нигоҳ доштан дар даста ғайриимкон буд.
Муҳоҷими аргентинӣ тобистони соли равон ба дастаи “ПСЖ” гузариш кард, зеро даста ба далели вазъи молиявӣ наметавонист бо ӯ шартномаро тамдид кунад. Гризманн бошад, чанде пеш ба дастаи “Атлетико" баргашт.
«Он чизе, ки мо дар борааш мегуфтем, рӯй дод. Моро дар якчанд рӯзи охир Ла Лига фишор медод, ки ё мо бо фонди CVC шартнома мебандем, ё қарзҳои бузургро бармегардонед. Аз ҳамин лиҳоз мо дигар чорае надоштем. Мо боқӣ мондани Мессиро дар даста сахт мехостем ва ҳатто дар гушаи хаёламон намеомад, ки писар рӯзе модарашро барои ҳамеша тарк мекунад. Аз он рӯзе метарсидем, ки ба сарамон омад. Хулоса мо дигар роҳ надоштем ё Месси дар даста боқӣ мемонд ё “Барселона” муфлис мешуд. Бисёриҳо мегуянд, ки дар сурате, ки Гризманн аз даста рафтанӣ буд, чаро ба рафтани Месси монеа нашудед. Дар сурати рафтани Гризманн ҳам мо имкони нигоҳ доштани Мессиро надоштем», - гуфт президенти «Барселона» Жоан Лапорта.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив