LIVE

«Реал Мадрид» аз чемпионати Италия ҳамлавар мехарад

«Реал Мадрид» ҷустуҷӯи вариантҳои пурқувваткунии хати ҳамлаи хешро сароғози мавсими навин идома медиҳад.
Килиан Мбаппе – номзади аз ҳама беҳтарин бар ивази  Карим  Бензема мебошад, аммо гузариши ӯ эҳтимолан то тобистони оянда ба таъхир гузошта мешавад.  
Душан Влахович метавонад  роҳи ҳалли ин мушкилот бошад.
Имзокунии шартнома бо бозигари сербӣ аз    «Юве» ба таври доимӣ барои мадридиҳо арзиши гарон ба миён меорад, вале иҷораи яксолаи бозигар то 15 миллион  евро арзиш дорад, мерасонад Calcio Mercato.
Хабар дода мешавад, ки «Реал Мадрид» ҳамчунин метавонад охири мавсими навин ӯро харидорӣ намояд.
Влахович дар мавсими сипаришуда дар сафи «бянконерҳо» 18 гол дар 42 бозӣ ба самар расонидааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив