LIVE

Аспиликуэта бо «Атлетико»-и Мадрид шартнома имзо мекунад

Дифоъгари испании «Челси» Сесар Аспиликуэта бо «Атлетико»-и Мадрид шартномаи дусола имзо мекунад. Нуқтаҳои қарордод аллакай мувофиқа карда шудаанд ва танҳо имзогузории онҳо боқӣ мондааст, иттилоъ медиҳад журналисти итолиявӣ Фабрисио Романо.
Чӣ тавре пештар маълум гардид, «Челси» ба Аспиликуэта ба хотири адои эҳтиром ба сарвони собиқи даста иҷозати тарк намуданро чун футболбози озод дода буд.
Аспиликуэта дар сафи «Челси» аз соли 2012 инҷониб баромад намуда, дар мавсими -2022/2023 дар ҳисоби испании 33-сола 32 бозӣ дар ҳамаи мусобиқаҳои «Челси» буда, ӯ ҳеҷ амали натиҷабахш дар майдон содир накардааст. Шартномаи бозигар бо тими лондонӣ то охири моҳи июни соли 2024 амал мекунад. Арзишии эҳтимолии ин футболбоз ба тахмини  сомонаи Transfermarkt, – 5 млн евро мебошад.
Пештар хабар ерасида буд, ки  Аспиликуэта ва«Интер» оиди нуқтаҳои қарордоди инфиродӣ ба тавофуқ расида буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив