Чаро ҳамлагари “Тоттенҳэм” Ҳарри Кейн дар равзанаи гузориши тобистона ба “Реал Мадрид” намеояд?
"Реал Мадрид" тасмим гирифтааст, ки аз мубориза барои Кейн даст кашад, зеро президенти бошгоҳи шаҳри Мадрид Флорентино Перес намехоҳад бо сарвари "Тоттенхэм" Даниэл Леви дубора гуфтушунид кунад. Испаниҳо харҷи 100 миллион евроро барои хариди як ҳамлагари 29-сола мувофиқ намедонад.
Ёдовар мешавем, ки "Реал Мадрид" барои иҷораи ҳамлагари "Эспанйол" Хоселу розӣ шуд. Шартномаи футболбоз бо бошгоҳи лондонӣ то охири моҳи июни соли 2024 амал мекунад.
Мавқеъи худи Ҳарри Кейн низ то ба ҳол маълум нест, ки ӯ дар “Тоттенҳэм” боқӣ мемонад, ё хоҳиши иваз кардани дастаро дорад.